Оҷонсии фасод аз парвандаҳои нав алайҳи З.Саидов хабар дод
Оҷонсии зидди фасоди Тоҷикистон аз иттиҳомот ва парвандаҳои нав алайҳи Зайд Саидов, соҳибкори шинохтаи тоҷик ва собиқ вазири энержию саноати кишвар хабар дод.
Ба иттилои ин ниҳод дар истеҳсолоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ дар хусуси гумонбар донистани собиқ вазири саноат ва энергетикаи Точикистон Саидов Зайд Шерович дар содир намудани як қатор ҷиноятҳои махсусан вазнин аз қабили гирифтани пора дар ҳаҷми махсусан калон (қисми 4 моддаи 319) қаллобӣ бо истифодаи мақоми хизматӣ дар ҳаҷми махсусан калон (кисми 4 моддаи 247) сӯиистифода аз ваколатҳои мансабӣ (моддаи 314)-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон вуҷуд дорад.
Мақомоти зидди фасод ташреҳ медиҳад, ки ин ҳолатҳо дар доираи тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятӣ нисбати собиқ директори корхонаи «Химзавод»-и шаҳри Исфара, Ҷӯраев Низомхон Ҳайдарович ошкор шудаанд.
Оҷонсии фасод бо ишора сирри тафтишотӣ аз тафсири васеи иттиҳомот алайҳи Зайд Саидов худдорӣ карда, таъкид менамояд, ки “тафтишоти мазкур дар доираи талаботи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат хоханд гирифт.”
Оҷонсии фасод меафзояд, ки аксарияти шоҳидони вокеаҳо аз тафтишот пай бурда, тарки марзи ҷумҳурӣ кардаанд ё аз ҷойҳои истиқомати худ паноҳ бурданд.
Ин ниҳод мегӯяд, бо мақсади объективона, пурра ва беғаразона пеш бурдани тафтишот Саидов Зайд Шерович аз майдони ҳавоӣ ба мақомоти Агентӣ даъват карда шуд ва худи ӯ аз идораи мақомоти Агентӣ ба хонаводааш тавассути телефон занг зада, хабар дод.
Зайд Саидовро барои бозпурсӣ ба Оҷонсии фасод бурдаанд