Эҳтимоли то 20-соли дигар бунёд нашудани “Роғун”
Бархе аз коршиносони қирғиз бар инанд, ки нерӯгоҳҳои барқи обии “Роғун”-у “Қамбарота-1” дар давоми 20 соли оянда низ бунёд нахоҳанд шуд.
Эрнест Қорибеков, коршиноси маъруфи масоили сиёсии қирғиз, дар як суҳбати ихтисосӣ бо хабарнигори бахши русии “Озодагон” гуфтааст, нерӯгоҳҳои барқии обии “Роғун”-и Тоҷикистон ва “Қамбарота-1”-и Қирғизистон дар муддати 20 соли оянда сохта нахоҳад шуд.
Ба гуфтаи Қорибеков, барои бунёди ин ду нерӯгоҳ бояд, сармояи мутаносибан З миллиард ва 5 миллиард доллар пайдо кард: “Вале ингуна сармояро танҳо тавассути гирифтани қарзи фоизнок метавон дарёфт намуд.”
Дар ҳоле, ки ба гуфтаи ин коршинос, “Роғун”-у “Қамбарота-1” имкони бозгардонидани қарзҳоро дар муҳлати кутоҳ надоранд: “Аниқтараш гӯем, тарҳҳои пешниҳодшуда дар иқтисоди имрӯза ҷолиб намебошанд. Шояд баъд аз 20 сол қимати барқ боло раваду сохтмони ин ду нерӯгоҳ оғоз шавад ва бояд гуфт, ки ҳеч кас намехоҳад пулҳои худро таваккал карда, дар чунин тарҳҳои бузург гузорад.”
Эрнес Қорибеков қаблан муовини раҳбари шӯъбаи маҷмааи гармдиҳӣ-энергетикии дастгоҳи ҳукумати Қирғизистон, баъдан роҳбарии ширкати энергетикии ин кишварро ба уҳда доштааст.