Дар зиндони № 29 масҷид бунёд мегардад
Дар яке аз маҳбасҳои кишвари Перми Русия ибодатгоҳи мусулмонӣ боз карда шуд.
Бино ба гуфтаи муфтии мусалмонони ин минтақа, Муҳаммадалӣ Хузин ин тасмим аз сӯи масъулини маҳбаси рақами 29 гирифта шудааст.
-Дар ин маҳбас қариб 200 нафар мусулмонон адои ҷазо мекунанд. Аз ин хотир зарурияти боз намудани ибодатгоҳи мусумонӣ дар зиндон кайҳо ба миён омада буд. Дар шафати ибодатгоҳи масеҳиён мо барои мусулмонони низ ҷойи алоҳидаи ибодатро ташкил намудем, гуфта мешавад, дар иттилоъияи раёсати Хадамоти федеролии иҷрои ҷазо дар Русия.
Ин соли аввал нест, ки мо бо муфтиёти кишвари Перм ҳамкории густурда роҳандозӣ кардаем. Миёни мо доим ҳамдигар фаҳмӣ ҳукмфармо буд ва ман хеле шодам, ки имрӯз мо барои ин амали нек қадамҳои ҷиддӣ гузоштем, -гуфтааст, и.в. сарвари маҳбас Анатолий Мерзляков.
Дин доиман дар ҳаёти маҳбусон нақши муҳим дорад, онҳоро ба роҳи рост ҳидоят мекунад ва ин амали мо кори ҷиддиест, дар роҳи тарбияи маҳбусон ва бозгардонидани онҳо ба ҳаёти осоишта хулоса кардааст, сарвари маҳбас.
Маросими идона бо гузоштани намози ҷамоат ва густурдани дастрахони идона, сӯҳбати сарварони мазҳаби мусулмонӣ бо маҳбусон идома кард.
Гуфтанист , чанде пеш муфтии мусулмонони Русия Равил Гайнутдин дар маҳбаси марказии Маскав низ ба бинои ибодатгоҳи мусулмонӣ санги асос гузошта буд.{jathumbnail off}