ИМА боз 12 чархболи Русияро барои Афғонистон мехарад
ИМА бо ширкати «Рособоронэкспорт»-и Русия барои интиқоли 12 чархболи дигар ба Афғонистон қарордод баст. Дар ин бора Григорий Козлов, раҳбари департаменти содирот ва хизматрасонии чархболҳои «Рособоронэкспорт» иттилоъ додааст.
Расонаҳои русӣ мегӯянд, вазорати дифои Амрико аллакай ба пардохти маблағи созишнома шурӯъ кардааст.
Соли 2011 «Рособоронэкспорт» ва Пентагон шартномаеро имзо карданд, ки тибқи он Русия уҳдадор шуд, ба Афғонистон 21 чархболи навъи Ми-17В5 интиқол диҳад. Хизматрасонии фаннии чархболҳо ва интиқоли қисмҳои зарурии онҳо низ яке аз бандҳои асосии шартнома буд. Ҳамчунин, ин қарордод эҳтимоли харидории 12 чархболи иловагиро дар назар дошт.
Интиқоли 21 чархбол бо муваффақият анҷом ёфт. 12 чархболи дигар бояд давоми соли 2013 расонда шавад. Қаблан як гуруҳ аз конгрессменҳои ИМА талаб карданд, ки Амрико бояд аз харидории чархболҳои Русия даст бикашад, зеро ба қавли онҳо Маскав ба Сурия силоҳу аслиҳа интиқол медиҳад.
Аммо гуфта мешавад, интиқоли ин чархболҳо амри ногузир аст, зеро халабонҳои афғон маҳз идораи чархболҳои Русияро омӯхтаанд.