Ҷавонон Душанберо тоза мекунанд (АКС)
Бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, донишҷӯёни Донишгоҳи технологии Тоҷикистон барои ободу зебо гардонидани кӯчаҳои пойтахт ба шанбегӣ баромадаанд.
Иштирокчиёни шанбегӣ мегӯянд, “тасмим гирифтем заминҳои бекорхобидаи назди роҳро нарм карда, гулкорӣ кунем, то симои пойтахтамон зебо шавад.”
Ҳамасола дар Тоҷикистон 23-юми май ҳамчун Рӯзи ҷавонон таҷлил мегардад.