“Равшан”-и Кӯлоб дар меҳмонӣ “Истаравшан”-ро шикаст дод
Нахустин бозии даври ҳафтуми мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ баргузор гардид.
Дастаи “Истаравшан”-и Истаравшан дар майдони худ бо тими “Равшан”-и Кӯлоб ба майдон баромада бо ҳисоби 1:3 шикаст хӯрд.
Соломон Течи, легионери Ганагии дастаи “Равшан”, дар дақиқаи 28-уми нимаи аввали дидор ҳисобро боз кард. Нуъмонҷон Ҳакимов дар дақиқаи 57-ум ва Бахтиёр Ҳасанов дар дақиқаи 74-уми нимаи дуюми сабқат як голии дигар ба дарвозаи мизбонон ворид карданд. Голи ягонаи соҳибони майдонро Абдураззоқ Ғайратов дар дақиқаи 2-юми вақти иловагӣ ба ҳадаф расонд.
Дастаҳои “Истиқлол”-и Душанбе ва “Равшан”-и Кӯлоб дар ҷадвали мусобиқот бо 15-имтиёзи ва аз рӯи таносуби тӯбҳо “Истиқлол” дар ҷойи аввал ва “Равшан” дар ҷойи дуюм аст. Дастаи “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода бо 12 имтиёз мақоми сеюмро касб кардааст.
Се бозии дигари даври ҳафтуми мусобиқа рӯзи шанбе, 18-уми май баргузор мегардад. “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода дар майдони худ бо “Хайр”-и Ваҳдат, ССКА “Помир”-и Душанбе бо “Панҷшер”-и Ҷалолиддини Румӣ ва “Хуҷанд”-и Хуҷанд бо “Вахш”-и Қӯрғонтеппа қувваозмои мекунанд.
Бозии охирини даври ҳафтум миёни дастаҳои “Парвоз”-и Бобоҷон Ғафуров ва “Истиқлол”-и Душанбе рӯзи якшанбе, 19-уми май дар варзишгоҳи “Фурудгоҳ”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров барпо хоҳад шуд.