Изҳороти Бордюжа дар мавриди бозгашти Русия ба сарҳадоти Тоҷикистон
Николай Бордюжа, дабири кулли Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ гуфтааст, Тоҷикистон қодир аст, мустақилона амнияти марзҳояшро таъмин намояд.
Бордюжа дар суҳбат бо хабаргузориҳои рус ташреҳ додааст, нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон ҳоло ҳам ба таҷҳизоти техникӣ ниёз доранд ва Русия онро ироа хоҳад кард: “Аммо дар мавриди бозгашти Русия ба сарҳади Тоҷикистону Афғонистон айни ҳол гуфтушуниде нест.”
Ин изҳороти Бордюжа дар пасманзари мусоҳибаи сафири Русия дар Афғонистон, Андрей Авитсян бо хабаргузории “Рейтер” садо медиҳад, ки гуфтааст, “Русия баъди берун шудани нерӯҳои НАТО бадшавии вазъи Афғонистонро пешгӯи мекунад ва ба таври ҷиддӣ эҳтимоли бозгашти марзбононашро ба марзҳои Тоҷикистон баррасӣ дорад.”
Марзбонони рус, ки сарҳади Афғонистону Тоҷикистонро нигоҳбонӣ мекарданд, соли 2005 берун шуданд ва Тоҷикистон ҳифзи сарҳадоташро комилан ба дасти худ гирифт.