Чароғакҳои роҳзани Душанбе (АКС)
НИЛУФАРИ КАРИМ
Тибқи мушоҳида давоми ду ҳафтаи охир дар баъзе хиёбонҳои шаҳри Душанбе – Мирзо Турсунзода, Абуабдулои Рӯдакӣ, Абулқосим Лоҳутӣ ва Саъди Шерозӣ чароғакҳои роҳнамо кор намекунанд.
Чуноне мушоҳида шуд, дар қисматҳои алоҳидаи роҳҳои номбурда, чароғакҳои роҳнамо қисман ё умуман кор намекунанд. Ба хусус, чароғакҳои пиёдагард аз мадди назари нозирони соҳа дур мондаанд ва тӯли ду ҳафта ва бештар аз он, таъмир нашудаанд. Дар баъзе ҷоҳо танҳо як LED-лампаи он кор мекунад, ё яке аз чароғҳои он – ё сабз, ё сурх – равшан мешавад. Ин барои ҳаракат дар роҳ ва убури пиёдагардон аз кӯча халал эҷод мекунад ва дар ҳолатҳои алоҳида тамбаҳои калон ва ҳатто сониҳаҳои нақлиётӣ рух медиҳанд.
Ҳамакнун дар пойтахт 104 чароғаки роҳнамо аст, ки дар кӯчаҳои аслӣ ва марказӣ ба чароғакҳои нав иваз шудаанд. Ин чароғакҳо аслан бо технологияи LED кор мекунанд. Аммо дар кӯчаҳои дигар ҳамоно чароғакҳои солҳои 60-70 асри гузашта мавриди истифода қарор мегиранд.
Вобаста ба ин, полковники милитсия, муовини сардори БДА-и шаҳри Душанбе Зиёратшоҳ Хушов мегӯяд, бештари чароғакҳои шаҳр дар муддати наздик иваз хоҳанд шуд.
“Дар ҳолати аз кор мондан ва дар сурати дархост ё шикоят, қисми навбатдорӣ барои бартараф намудани камбудиҳоро сафарбар мешавад. Дар ҳолати чароғакҳоро пӯшондани дарахтон, мо бо Кумитаи муҳити зисти ҳукумати шаҳр ҳамкорӣ менамоем, аммо агар дарахтони майда назди онҳоро гирифта бошад, мо иҷозати буридани онҳоро надорем. Дар нақша дорем, ки дар 74 чорроҳаи пойтахт чароғакҳои нав бо наворбардор насб кунем. Бештари чароғакҳо бинобар сабаби таъмир дар роҳҳо кор намекунанд”, - мегӯяд номбурда.
Шукрӣ Зубайдов, сардори корхонаи давлатии ҷумҳуриявии махсусгардонидашудаи васлу истифодаи назди РБДА-и ВКД дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт: “Мо ҳар рӯз як бор аз кӯчаҳои марказии шаҳр назорат мебарем, чун дар роҳҳои пойтахт таъмир рафта истодааст ва бинобар ба вуҷуд омадани тамбашавӣ бо супориши БДА-и шаҳр чароғакҳо хомӯш карда мешавад. Диспечерҳо оиди мушкилоти пешомада ба БДА-и шаҳрӣ занг мезананд, онҳо бошанд ба мо муроҷиат мекунанд. Азбаски чароғакҳо куҳна мебошанд, дар як рӯз баъзеи онҳо то 4 маротиба таъмир мешаванд. Барои як шохи дарахтро буридан мо бояд аз Кумитаи муҳити зист иҷозат пурсем. Шохи дарахт як тараф истад, баъзан дарахтон калон шуда назди онҳоро мегиранд. Бинобарин чароғакҳо аз назди дарахтон дуртар насб мешаванд ё ба таври овезон аз роҳ бароварда мешавад. Бештари чароғакҳо дар соли 1967-73 насб шуда буданд, ки то ҳол дар истифода мебошанд. Ба ғайр аз 74 наворбардоре, ки дар чароғакҳои нав насб карда мешаванд, боз зиёда аз 80 наворбардори дигар дар ҷойҳои махсуси пойтахт гузошта хоҳанд шуд”.