Сохтмони 3 корхонаи хиштбарорӣ дар навоҳии Нуробод, Рашт ва Мастчоҳ бо таъсиси 75 ҷойҳои нави корӣ ва як корхонаи хурди сементбарорӣ дар ноҳияи Варзоб бо иқтидори 72 ҳазор тонна семент, бо фаро гирифтани 180 ҷои нави корӣ дар назар дошта шудааст.
ҶММ «Тоҷикистон» тасмим гирифтааст, сохта ба истифода додани ин корхонаҳоро то ҷашни 20 солагии истиқлолияти кишвар ба анҷом расонад . Ба иттиллои вазорати энергетика ва саноат, айни ҳол дар ин корхонаҳо корҳои омўзишиву ободонӣ ва сохтмони хумдонҳо идома дорад. Дар 6 моҳи ахири соли ҷорӣ корхонаҳое, ки ба истеҳсоли маводи сохтмон машғуланд 158, 8 ҳазор тонна семент истеҳсол намудаанд, ки ин нишондод нисбати нимсолаи аввали соли гузашта 8, 8 ҳазор тонна зиёд мебошад. Дар ин давра 27, 3 миллион дона хишт истеҳсол шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли 2010- 5, 4 миллион дона афзоиш ёфтааст, афзуд манбаъ.
Ин дар ҳолест, ки арзиши хишти истеҳсоли корхонаҳои Тоҷикистон дар ду соли ахир ба маротиб боло рафтаву аксари муштариён аз хишти лой, ки бо усули бобоӣ омода мешавад, истифода мекунанд.{jathumbnail off}