Боздошти ҷавонону наврасон баъди намози Ҷумъа (АКС)
Кормандони умури дохилӣ як гурӯҳ ҷавонону наврасонро дар назди масҷиди ҷомеи шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд, баъди гузоштани намози Ҷумъа боздошт кардаанд.
Сино Ҳасанов, як шоҳиди ин ҳодиса дар суҳбат ба «Озодагон» гуфт, имрӯз 17-уми май, мақомот ҷавононро дар атрофи масҷид интизор будаанд ва баъди берун шуданашон аз масҷид дастгир намуда, ба мошинҳо бор кардаанд. Ӯ чанд аксро, ки дар лаҳзаҳои боздошти наврасону ҷавонон гирифтааст, ба ихтиёри “Озодагон” гузошт.
Гуфта мешавад миёни боздоштшудагон нафарони синни мактабӣ ҳам будаанд, ки танҳо баъди даъвати волидонашон ва гузарондани корҳои фаҳмондадиҳӣ раҳо хоҳанд шуд. Дар Тоҷикистон тибқи қонунгузорӣ ба масҷид рафтани наврасон манъ гардидааст.