Паҳлавонони тоҷик барои дарёфти Ҷоми Аврупо талош мекунанд
Федератсияи дзюдои Тоҷикистон мегӯяд, паҳлавонони тоҷик барои дарёфти Ҷоми Аврупо дар Русия ва Украина қувваозмоӣ мекунанд.
Тавре аз ин Федератсия иттилоъ доданд, ба ҳайати мунтахаби Тоҷикистон, Ҷамшед Сафаров дар вазни 66 кило, Саидмуҳаммад Саидов дар вазни 81 кило ва Комроншоҳи Устопириён дар вазни 90 кило шомил гардидаанд.
Ин мусобиқа аз 17-ум то 22-юми май дар Киеви Украина баргузор мешавад.
Ҳамчунин Ҷасур Шамиров ва Шӯҳратҷони Фархизода дар вазни 66 кило, Қонун Охонов дар вазни 73 кило ва Абубакр Раҳмонов дар вазни аз 100 кило боло дар Ҷоми Аврупо миёни калонсолон қувваозмоӣ мекунанд. Ин мусобиқа низ аз 17-ум то 22-юми май дар шаҳри Оренбурги Русия барпо мегардад.
Пас аз анҷоми мусобиқа дар Оренбург Абубакр Раҳмонов дар вазни аз сад кило боло дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба дзюдо барои Ҷоми губернатори вилояти Челябинск вориди сабқат мешавад. Ин мусобиқа аз 22-юм то 24-уми май доир мегардад.