И.Усмонов: Абдуллоҷонов он вақт ҷузъе аз ҳукумат буд
Ҳумайрои БАХТИЁР
Маркази “Гуфтугӯи тамаддунҳо” ин навбат бо ҷалби шоҳидони айнии ҷангу сулҳи тоҷикон аз тарафи ҳукумату мухолифин воқеъияти солҳои 1996 –ро ба баҳс кашид.
Иброҳим Усмонов, узви ҳайати ҳукуматӣ дар гуфтушунид барои сулҳи тоҷикон, зимни ҳамоиш бо таваҷҷӯҳ воқеоти соли 1996 ва раванди гуфтушуниди сулҳ гуфт, ки имзои созишномаҳои «Хусдеҳ» ва «Ғарм» аҳамияти зиёд доштанд.
Вақте ҳукумат барои тасдиқи созишномаи «Хусдеҳ» ба Маскав рафт, ҷониби мухолиф ҳозир нашуд. Ду рӯз ҳайати ҳукумат дар Маскав мунтазири ҳайати муқобил буданд. Баъдан, рузи дигар ҳайати мухолифин ба Маскав омаданд ва эълон карданд, ки протоколи мазкур (манзур Хусдеҳ)-ро имзо нахоҳанд кард. Баъди ин эълон ду дабири кулли СММ Бутрос Бутрос Галӣ ва Кофӣ Анан нома фиристоданд, ки ҷонибҳои гуфтушунид бояд протоколи Хусдехро ба тасвиб расонанд, илова кард Иброҳим Усмонов.
Иброҳим Усмонов дар идома гуфт, ки президенти кишвар бо раҳбари ҳайати мухолиф бештар аз 3 соат сӯҳбати тан ба тан дошта, ҷузъиёти он сӯҳбат ошкор нашудааст. «Чӣ гуфтанд, нагуфтанд мо намедонем. Вале аниқ аст, ки сӯҳбати аслӣ ин роҳ ёфтани сулҳ дар Тоҷикистон буд».
Дар идома Иброҳим Усмонов аз эҳтимоли пайдо шудан ва ё даст доштани нерӯи саввум дар воқеоти Тоҷикистон гуфт, ки таърих собит сохтааст, нерӯи саввум замоне пайдо мешавад, агар байни ду ҷониб як холигиеро эҳсос намояд: «Албатта нерӯи саввум ҳамеша ба қувваҳои беруна такя мекунад. Вақте ҳайатҳо аз Маскав баргаштанд, дубора дар шаҳри Теҳрон ҷамъ шудем. Дар Теҳрон ҳамон нерӯи саввум пайдо гардид. Мактубе расид,ки гурӯҳи саввум бояд дар рафти музокирот ширкат дошта бошад. Абдулмалик Абдуллоҷонов дар раҳбарияти ин гурӯҳ қарор дошт. Аммо мо ба ин андеша будем, ки Абдулмалик Абдуллоҷонов ҷузъе аз ҳукумат аст. СММ ҳам дар қарори худ гурӯҳи А.Абдуллоҷоновро ба унвони нерӯи саввум нашинохт. Чунки он замон (1992-1994-ҲБ) Абдулмалик Абдуллоҷнов дар ҳайати ҳукумат, вазифаи сарвазирирро дошт».
Дар ҳамин ҳол Абдунабӣ Сатторзода, профессор, таҳлилгари сиёсӣ таъкид намуд, ки “ба ҳар сурат дар сулҳи тоҷикон нерӯи беруна таъсири худро дошт. Мисол меорем аз ширкати Русия ва Эрон. Эрон, ки бештар ҷониби мухолифинро ва Русия тарафдори ҳукумат буд. Ҳарду кишвар бар он назар буданд, ки идомаи ҷанги тоҷикон мушкилиҳое барои онҳо ҳам хоҳад дошт. Барои душвор нагардидани вазъият Эрон ва Русия барои сулҳи тоҷикон ба мувофиқа расиданд.”
Ҳамзамон Иброҳим Усмонов аз таъсири нерӯи саввум дар ҷанги кишварҳо ёдоварӣ карда, гуфт, ки ҳеч нерӯи беруна наметавонад ҷонибҳои даргири дохили як кишварро ба ҳам биёрад. Ба сифати далел Иброҳим Усмонов аз ҷанги Афғонистон ва ҳузури бештар аз 68 ҳазор низомии мусаллаҳи амрикоӣ дар ин кишвар мисол оварда, гуфт: «Агар нерӯи мусаллаҳи хориҷӣ ором карда метавонист, вазъи Афғнистонро ба эътидол меовард. Вале онҳо ҳеч коре карда наметавонанд. Агар неруи дохилӣ омода барои сулҳ набошад, ҳеч нерӯи беруна онҳоро ба ҳам оварда наметавонад».
Иброҳим Усмонов бо таъкид гуфт, ки ба ҳаводиси кишвар бояд аз ин дидгоҳ ворид шуд.
Дар идомаи маҳфил ишораҳое ҳам атрофи эҳтимоли таҳдид ба ҷониби ҳайати ҳукуматӣ ҳангоми гуфтушунид садо доданд.
Маҳмадалӣ Ҳайит, муовини раҳбари ҲНИТ, дар навбати худ аз аҳамияти созишномаи “Хусдеҳ” зикр карда, тарғиби ин масъала аз ҷониби дастгоҳи таблиғотӣ ва телевизионҳои кишварро мояи нигаронӣ гуфт. Муовини раҳбари ҲНИТ гуфт, ки дар силсила филмҳое, ки тавассути телевизионҳои давлатӣ пахш мешаванд, ҳамеша аз қаҳрамонии ҳукумат ёдоварӣ мекунанд: “Гуиё, ки он минтақа хеле доғ буду, намояндагони ҳукумат бо ин ҳама мушкил ҷони худро ба каф гирифта рафтанд ва созишномаро имзо карданд. Ин ҳама мутлақо муболиға аст. Чунки манотики Хусдеҳ ва Фархор дар ихтиёри Аҳмадшоҳи Масъуд буд, ки ӯ амнияти ҷонибҳоро сад дарсад таъмин карда буд. Ҳеч хавфу хатаре ба ҷониби ҳеч кадом ҳайат вуҷуд надошт”.
Номбурда дар идома ҳамчунин аз ишораи узви ҳайати ҳукуматӣ дар он солҳо - Иброҳим Усмонов дар мавриди сари вақт ҳозир нашудани ҷониби мухолифин дар Маскав ва ё хоҳиши ба тасвиб нарасонидани созишномаи сулҳ аз ҷониби онҳо гуфт: ”Ҳамон вақт ҳайати баландпояи сиёсиву низомии мухолифин бо раҳбарии Давлаталӣ Усмон ба Тоҷикистон баргаштем. Агар мухолифин ҷонибдори сулҳ, ҷонибдори имзои протоколи Хусдеҳ намебуданд, ба ҳеч ваҷҳ мо ба Тоҷикистон –кишвари худ барнамегаштем.”
Номбурда аз дастгоҳи таблиғотии ҳукумат дархост намуд, то ҳангоми ба намоиш гузоштани филмномаҳое аз воқеоти солҳои 90-уми кишвар ба иғроқ ва муболиға роҳ надода, ба тарафи муқобил эҳтиром гузоранду, аз ҷониби ҳукумат қахрамон насозанд.