КҲФ: Ҷавони ғарқшударо пайдо накардем
Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода мегӯяд, ҳайати шахсии Ситоди вилояти Хатлон ҷавонеро, ки рӯзи гузашта аснои оббозӣ ғарқ шуд, пайдо накардаанд.
Ориф Нозимов, сухангӯи ин ниҳод ба хабаргузории “Озодагон” гуфт, рӯзи 16-уми май, соати 15:14 Зикрулло Табарови 22-сола, истиқоматкунандаи ҷамоати деҳоти Лоҳутии ноҳияи Ховалинг, донишҷӯи бахши 4-уми Донишкадаи энергетикии шаҳри Қӯрғонтеппа, аз беэҳтиётӣ ҳангоми оббозӣ дар наҳри Ҷайҳун ғарқ шудааст.
Ба иттилои манбаъ, ҳайати шахсии Ситоди вилояти Хатлон баъди дарёфти хабар ба ҷойи ҳодиса ҳозир ва ба корҳои ҷустуҷӯӣ машғул шудаанд, вале то ҳол нафари ғарқшударо пайдо накардаанд.