Кумитаи андоз афзоиши саркашиҳо аз андозро рад кард
Кумитаи андози Тоҷикистон хабарҳоро оиди афзоиши саркашиҳо аз андоз дар пайи татбиқи Кодекси нав рад кард.
Сайдаҳтам Абдуллоев ҳуқуқшинос ва ёвари раиси кумитаи андоз мегӯяд, саркашӣ аз андозҳо дар муқоиса бо замони татбиқи Кодекси андози қаблӣ камтар мебошад
Ӯ мегӯяд, ки саркашӣ аз андозҳо метавонад як давраи кутоҳ, то ҳалли баҳсҳоро дар бар гирад. Чунин маврид метавонад ҳангоми гузаронидани санҷишҳо ва ё ҳолатҳои ба қонунвайронкунӣ роҳ додани андозсупорандагон пайдо гардад. Масалан, баъзе андозсупорандагон бо мақсади саркашӣ намудан аз андозбандӣ худро дар суроғаҳои бардуруғ ба қайд мегиранд. Масъалаи мазкур пайваста дар доираи қонунгузорӣ ҳалли худро пайдо мекунад.
Сайдаҳтам таъкид намуд, таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки дар тамоми давлатҳо ҳолатҳои саркашӣ аз супоридани андозҳо аз ҷониби баъзе андозсупорандагон ба қайд гирифта мешавад. Ин раванд ҳамеша тамоюли каму зиёдшавӣ дорад. Бо баробари ҷорӣ гардидани системаи иттилоотӣ ва барномаҳои баҳисобгирӣ дар мақомоти андоз назорати иҷрои қонунгузории андоз, низ такмил ёфтааст.
Масалан, соҳибкорони тибқи низоми соддакардашуда амалкунанда, ки ба хариду фурўш машғул мебошанд ва қисми зиёди соҳибкоронро ташкил менамоянд 4 фоиз андози соддакардашуда, 3 фоиз андоз аз фурўши чакана ва дар маҷмуъ бе назардошти андози иҷтимоӣ, 7 фоиз андоз месупориданд. Ҳоло бошад, тибқи муқаррароти Кодекси андоз дар таҳрири нав андоз аз фурўши чакана аз номгўи андозҳо хориҷ карда шуд ва соҳибкорон 6 фоиз андози низоми соддакардашуда месупоранд, ки дар асл маънои нисбати соли 2012 ба андозаи 1 фоиз камтар шудани маблағи андозро дорад.
Ҳуқуқшиноси Кумитаи андоз инчунин қайд кард, ки меъёри андози фоида барои истеҳсолкунандагон то соли 2017 аз 15% ба 13% ва барои дигар намуди фаъолият аз 25% ба 23% паст карда мешавад. Чунин мисолҳо дар муқаррароти қонунгузории андоз ҷиҳати дастгирии фаъолияти соҳибкорӣ зиёд мушоҳида карда мешавад.