Дар қиболи писари муовини вазири адлия, ҳамзамон сардори раёсати корҳои ислоҳии ин вазорат Изатулло Шарифов, тафтиши парвандаи ҷиноӣ қатъ карда шудааст.
Шерхон Салимзодаи Одина, додситони кулли Тоҷикистон ин нуктаро дар ҳузури хабарнигорони ватанию хориҷӣ имрӯз иброз дошт. Ӯ афзуд, нисбати писари райиси Додгоҳи Олӣ тафтишоти парванда идома дошта, мутмаинам, ки қарори қонунӣ қабул мегардад, зеро сониҳаи нақлиётӣ ҳодисаи тасодуфӣ маҳсуб гардида, новобаста ба хоҳиши одам ба амал меояд.Прокурори генералӣ мегӯяд, агар аз нуқтаи қонун ба ин паҳлӯи масъала назар андозем, маълум мешавад, ки ҷинояти мазкур аз беэҳтиётӣ содир шудааст ва муҷрим агар муттаҳам ҳам эълон шавад, ҷазоро дар колоннаи сукунатӣ адо хоҳад кард ва низоми махсусро риоя хоҳад кард.Ба замми ин, ҷиноёти марбут ба беэҳтиётӣ ҳамеша мавриди авф қарор мегиранд.
Ёдрас менамоем, Фарҳод Абдуллоев, писари раиси Додгоҳи Олии Тоҷикистон, рӯзи 12-уми апрели соли равон, савори мошини гаронарзиши тамғаи BMW Х6 Люг Жеун, корманди 46-солаи як ширкати роҳсозии чинро пахш кард, ки ҷабрдида дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расид. Фирдавс Шарифови 26-сола, писари Изатулло Шарифов, сардори раёсати корҳои ислоҳӣ бошад, бо мошини шахсии "Лексус-300"-аш се нафарро пахш кард, ки онҳо дар сониҳаи мазкур ҷон ба саломат бурданд. {jathumbnail off}