Хушхабар: Даъвати наваскарон пеш аз муҳлат иҷро гардид
Вазорати дифои Тоҷикистон мегӯяд, нақшаи даъвати ҷавонон ба сафи артиш пеш аз муҳлат ва барзиёд иҷро шудааст.
Тавре Бахтиёр Бозоров, масъули дафтари матбуоти ин ниҳод, рӯзи 17-уми май ба “Озодагон” иттилоъ дод, "то имрӯз, 17-уми май ҳамаи комиссариатҳои ҳарбии шаҳру навоҳии кишвар аз иҷрои пурраи нақшаи даъватии шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ гузориш додаанд. Иҷрои нақша дар вилояти Суғд ба 100,1 дарсад, вилояти Хатлон 101,4 % ВМКБ 100 фоиз комисариатҳои ҳарбии навоҳии тобеи марказ 100,2 дарсад ва дар чаҳор ноҳияи пойтахт ба 101,1 дарсад расидааст.”
Ба иттилои манбаъ, нақшаи даъвати баҳории ҷавонон ба артиш дар маҷмӯъ ба 100,67 дарсад расидааст. Ҷавонписароне, ки аз рӯзҳои аввали даъват ба артиш шомил гардидааанд, феълан дар қисмҳои ҳарбӣ пас аз гузаштани курсҳои кӯтоҳмуддати таълими савганди ҳарбӣ ёд намуда истодаанд.
Ёдовар мешавем, ки ба хидмат шаҳрвандони аз 18 то 27-сола даъват карда мешаванд. Даъвати баҳорӣ аз моҳи апрел оғоз ёфта буд ва бо вуҷуди барзиёд иҷро гардидани нақша то охири моҳи май идома хоҳад кард.