Бо ибтикори шӯъбаи матбуоти даврии Китобхонаи миллӣ, имрӯз, 17-уми май дар шаҳри Душанбе ҳамоиши сардабирони рӯзномаву маҷаллаҳои ҷумҳурӣ зери унвони “Нақши матбуот дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон” баргузор гардид.
Дар ҷамъомади мазкур масоили ҳамкориҳои тарафайн ва роҳҳои беҳбуди равобити судманди миёни китобхона ва матбуот мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Зикр гардид, ки хазинаи шӯъбаи матбуоти даврии Китобхонаи миллиии Тоҷикистон зиёда аз 734 нусхаро ташкил медиҳад, ки аз ин ҳисоб беш аз 313 адад маҷалла ва 990 адад нашрияҳои давомдор ва 219 адад рӯзномаҳоро дар бар мегирад. Рӯзномаю маҷаллаҳо ба забони тоҷикӣ аз соли 1932 ва бо забони русӣ аз соли 1930 нигоҳ дошта мешаванд. Сардабирон аз масъулини китобхона даъват карданд, ки нусхаҳои рӯзномаю маҷалларо ҳифз кунанд.