Дуроҳаи интихоб барои афроди душаҳрвандии Туркманистон
Шаҳрвандони дорои шиносномаи русии Туркманистон, муваззафанд, то 10-уми июл тасмим бигиранд, ки шаҳрвандии кадом давлатро интихоб ва кадомеро рад мекунанд.
Тибқи муқарароти Қонуни асосии Туркманистон, ки соли 2008 қабул шуд, шаҳрвандони ин кишвар танҳо ҳаққи интихоби табааи як давлатро хоҳанд дошт. Барои муайян кардани афроди душаҳрванди Туркманистон панҷ сол муҳлат муайян шуд, ки 10-уми июли соли 2013 анҷом меёбад. Баъди ин сана ба афроди душаҳрвандӣ паспорти хориҷӣ намедиҳанд ва шиносномаҳои пешинашонро беэътибор медонанд.
Дар Туркманистон чиптаҳои ҳавопаймо танҳо тариқи шиносномаи хориҷӣ фурухта мешавад ва барои афроди душаҳрвандӣ дарёфти он душвор хоҳад шуд. Дорандагони паспорти Русия метавонанд, аз Туркманистон берун шаванд, аммо имкони баргаштро нахоҳанд дошт, чун барои ин кор раводид лозим меояд, ки ба гуфтаи коршиносон гумон аст, ба дарёфти он муваффақ шаванд.
Гуфта мешавад, феълан асноди 46 ҳазор нафар барои дарёфти душаҳрвандӣ дар сафорати Русия дар Туркманистон интизори қайд аст, ки миёни онҳо ба ҷуз аз туркманҳо, русҳо ва дигар миллатҳо низ ҳастанд.
Ба гуфтаи коршиносон бештари афроди душаҳрвандии Туркманистон имкони молии ба Русия кӯч бастанро надоранд ва маҷбур хоҳанд шуд, аз шаҳрвандии Русия даст кашида, табааи Туркманистонро бипазиранд, ки ин имкони озодона ба Русия рафтанашонро маҳдуд мекунад.