Ибодуллоҳи ТОҲИРРоҳбандӣ, ки барои роҳҳои атрофи бозори Султони Кабир дар шаҳри Душанбе падидаи муқаррарӣ буд, баъди қатъи ҳаракат тавассути қисми ҷанубии пул дар хиёбони Саъдӣ Шерозӣ якбора шиддат ёфтааст. Рӯзи гузашта, 16-уми май ҳаракат тавассути пул дар хиёбони Саъдӣ Шерозӣ маҳдуд гардид ва ронандаҳо барои гузаштан аз тарафи ғарб ба шарқи дарёи Душанбе ба истифодаи пул дар кӯчаи Абая гузаштанд. Сарборӣ ва аз ҳад зиёд будани мошинҳо боис гардид, ки субҳи имрӯз, 17-уми май дар роҳҳои нақлиётгарди кӯчаҳои Абая ва Қаҳҳорови пойтахт танбаи бемисли мошинҳо ба вуҷуд омад ва мусофирон беш аз як соат асири “роҳбандон” буданд. Қисми дигар тоби интизориҳои тӯлониро наоварда пойи пиёда ба роҳи худ идома доданд: