Маҳмадамин Бозичаевич пайёми президентро дар Бадахшон шарҳ медиҳад
Маҳмадаминов Маҳмадамин Бозичаевич, вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон дар садри як ҳайати корӣ ба вилояти Бадахшон рафтааст.
Тибқи иттилои Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Маҳмадаминов тайи 16 ва 17 – уми май ҳамроҳ бо роҳбарони сохторҳои вазорат паёми солонаи президентро дар Бадахшон шарҳ медиҳад.
Инчунин Маҳмадаминов дар мулоқот бо раисон ва масъулини шаҳру ноҳияҳои ВМКБ нигоҳдории ҷойҳои корӣ, касбомўзии шаҳрвандон, шуғли аҳолӣ, муҳоҷират, ҳифзи иҷтимоӣ, баррасии қарздорӣ аз пардохти музди меҳнат ва пардохти саривақтии нафақаю кўмакпулиҳоро баррасӣ мекунад.