Палатаи савдо ва саноат ба фонди ҳифзи иҷтимоӣ 170 ҳазор сомонӣ интиқол додааст
Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ба соҳибкорону тоҷирон ва сокинони кишвар тайи 6 моҳи соли равон дар маҷмўъ ҳудуди 1 миллиону 830 ҳазор сомонӣ хизмат расонид.
Дар ин бора Саид Шариф, раиси палатаи савдо ва санати кишвар имрўз зимни як нишасти матбуотӣ дар ҳузури хабарнигорон иброз дошт. Номбурда афзуд, аз ин миқдор маблағ 750 ҳазор сомониро соҳибкорон ба андоз аз рўи фаъолияташон супоридаанд ва 170 ҳазор сомонӣ ба фонди ҳифзи иҷтимои аҳолӣ равона намудаанд. Шумораи аъзоёни палатаи савдо ва саноат феълан ба 480 корхонаю ташкилотҳо расидааст ва дар 6 моҳи соли ҷорӣ бошад намояндагони палатаи мазкур бо намояндагони хориҷа, хусусан бо намояндагони корпусҳои дипломатӣ 115 мулоқоту вохўриҳо анҷом додаанд. Саид Шариф қайд кард, ки палатаи савдо ва саноат як пулест миёни соҳибкорони ватанию хориҷӣ, ки вазифааш рушди соҳаи иқтисодиёт, хусусан тараққӣ додани бахши хусусии соҳибкорӣ дар кишвар мебошад. {jathumbnail off}