11 маҳаллаи Бадахшони Афғонистон зери назорати Толибон гузашт
Мақомоти музофоти Бадахшони Афғонистон аз ҳузури нерӯҳои ошубгар ба минтақаи Вардуҷ изҳори нигаронӣ кардаанд. Гуфта мешавад, феълан 11 маҳаллаи он зери назорати Толибон аст.
Давлатмуҳаммад Ховар, раҳбари Вардуҷ гуфтааст, ҳоло дар минтақа ҳудуди 300 ҷангии мусаллаҳ қарор дорад, ки бештари онҳо аз музофотҳои ҳамсоя ба Вардуҷ омадаанд.
Чанде қабл Шоҳвалӣ Адиб, волии музофоти Бадахшон мақомоти иктишофии Покистонро дар талоши таъсиси «платсдарм»-и Толибон дар минтақа муттаҳам кард.
Бино ба иттилои расонаҳо, Толибон дар Бадахшон, ки дар гузашта яке аз вилоятҳои амни Афғонистон маҳсуб мешуд, баҳори имсол фаъол шуданд. Дар пайи як амалиёти густурдаи мақмот ҳудуди 100 ҷангӣ кушта шуд, аммо ҳоло аз ҳузури дигарбораи онҳо дар Вардуҷ хабар мерасад.
Оғози моҳи март дар қаламрави Вардуҷ 20 низомии артиши миллии Афғонистон рабуда шуд. 16 нафари онҳо кушта шуданд ва танҳо дар пайи музокирот мақомот тавонистанд, чор нафарро раҳо кунанд.
Қаблан, мақомоти вилояти Бадахшони Афғонистон аз ҳузури теъдоди зиёди зархаридони хориҷӣ дар Вардуҷ хабар доданд. Гуфта мешуд, бештари онҳо аз кишварҳи Осиёи Миёна ва Қафқози Шимолӣ омадаанд.