Нигаронии Зоиров аз фишор болои ҷамъияти узбакҳои Хатлон
Аз ғайб задани Салимбой Шамсиддинов, раҳбари ҷамъияти узбакҳои Хатлон, ки 15-уми март зимни дави субҳгоҳӣ дар шаҳри Қӯрғонтеппа рух додааст, расо ду моҳ гузашт, вале мақомот ҳанӯз ҳам дар ин маврид посухи рӯшане надоранд.
Ин нукта дар изҳороти навбатии Раҳматулло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократҳои Тоҷикистон, таъкид шудааст. Зоиров мегӯяд, расман дар робита ба гумшавии Шамсиддинов 19-уми март парвандаи ҷиноӣ боз шудааст, аммо то ҳол на мақомоти умури дохилӣ, на амният ва на додситонӣ ҷавоби рӯшанеро ироа накардаанд.
Зоиров қаблан изҳорот дода, гумшавии Шамсиддиновро ба ҳамкориҳояш бо ҲСДТ марбут гуфт ва ғайб задани ӯро кори дасти мақомоти амният арзёбӣ намуд. Дар изҳороти навбатияш Зоиров таъкид мекунад, ки мақомот то ҳол далелеро, ки дар гумшавии раҳбари ҷамъияти узбакҳои Хатлон даст надоранд, пешниҳод накардаанд ва ин то ҷое аз дастандаркор будани мақомот дар ин қазия дарак медиҳад.
Зоиров инчунин аз қазияи Равшан Муталибов, муовини раиси ҷамъияти узбакҳои вилояти Хатлон, зикр кардааст, ки охири моҳи апрел дар фурудгоҳи шаҳри Краснодари Русия боздошт шудааст ва инро ҳам иқдоми махсус роҳандозишудаи мақомоти тоҷик арзёбӣ намуд.
Раиси ҲСДТ мегӯяд дар пайи таъқибу фишорҳо фаъолони ҷамъияти узбакҳои Хатлонро тарсу парешонӣ фаро гирифтааст ва аз мақомоти тоҷик хост, таъқибу фишори аъзоёни ҷамъиятро қатъ карда, ба қазияҳои Шамсиддинов ва Муталибов роҳбарони ин ҷамъият рӯшанӣ андозанд.