Юлдуз Усмонова «Маликаи Шарқ», Гулнора Каримова «Маликаи Осиё»?
Юлдуз Усмонова, хонандаи попи Узбакистон 19-уми май дар Бруклини Ню-Йорк консерт медиҳад.
Бино ба иттилои Uznews.net дар овезаҳои таблиғии консерт навишта шудааст, ки «Узбакистонро Маликаи Шарқ» намояндагӣ мекунад. Ин расона гуфта, ки "ба худ нисбат додани рутбаи «малика» аз сӯйи Усмонова нишондиҳандаи раванди афзояндаи ба худ нисбат додани унвонҳои ашрофзодаӣ миёни овозхонҳои Узбакистон аст».
Манбаъ, аз духтари бузурги райисҷумҳур Ислом Каримов мисол задаст, ки вақте ӯро «шаҳзода» мегӯянд, зиёд меболад. «Гулнораи 40 сола аз ба ӯ нисбат додани унвонҳои аз ин баландтар ҳам бо осонӣ розӣ мешавад. Масалан дар шумораи моҳи августи соли 2009-и маҷаллаи Tatler вайро “Маликаи Осиё” номидаанд. Аммо бо вуҷуд ин дар қиёс ба “Маликаи Шарқ»-и Юлдуз Усманова хеле поинтар аст, шояд барои он ки Усмонова воқеан ҳам овозхонӣ карда метавонад?»-суол гузоштааст расона.
Гулнора Каримова дар шоу бизнес бо номи Гугуша (Googoosha) шинохта шудааст. Ӯ бо забонҳои узбакӣ, русӣ ва англисӣ суруд мехонад ва гуфта мешавад, муаллифи матну оҳанги аксари онҳо низ худаш мебошад.
Моҳи июни соли 2012 Googoosha аввалин албоми англисии худро дар Амрико ба фурӯш гузошт. Ин маҷмӯа дар ҳамкорӣ бо продюсери шинохтаи Русия Максим Фадеев таҳия шуд ва аз 12 тарона иборат аст.