Русия аз моҳи июн ҳам боҷашро арзон мекунаду лағв не
Сар аз 1-уми июни соли равон боҷи содиротии маҳсулоти нафтии Русия 5 дарсад ё 19 доллари дигар арзон шуда, ба ҷои 378 доллари ҳозира 359 долларро ташкил хоҳад дод.
Тибқи ҳисобҳои Вазорати молияи Русия интиқолдиҳандагони бензин ба хориҷ аз ҷумла ба Тоҷикистон сари ҳар тонна бензин 323 доллар боҷи содиротӣ месупоранд. Айни ҳол ин нишондод ба 341 доллари амрикоӣ баробар аст.
Барои маҳсулоти рӯшани нафтии дигар боҷи содиротӣ аз моҳи июн ба ҷои 250 доллари ҳозира 237 долларро ташкил хоҳад дод.
Мақомоти Русия боҷи содиротиро барои Тоҷикистон моҳи майи соли 2010-ум ба далели узви Иттиҳоди гумрукӣ набудан ҷорӣ карда, ҳаҷми онро ҳар моҳ вобаста ба нархи нафт дар ҷаҳон пасту баланд мекунанд. Масъалаи лағви боҷи содиротӣ барои Тоҷикистон соли сеюм аст, ки мавриди баррасӣ қарор дорад ва бо вуҷуди имзои ёддошту созишномаҳо амалан ин пардохтҳо ҳоло бекор нашудаанд.