Генерал Ғоибов иттиҳомоти пешгузоштаи Фаттоҳ Саидовро "туҳмат" хонд (ВИДЕО)
Додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ бегоҳи имрӯз, 16-уми май, ҳукм кард, ки нисбати генерали адлия, собиқ додситони Исфара ва раиси раёсати тафтишотии Оҷонсии фасоди кишвар ҳабси пешакӣ татбиқ гардад.
Тавре хабарнигори “Озодагон” аз толори додгоҳ хабар дод, генерал Ғоибов аз Ҷобирова Сурайё, муовини раиси суди ноҳияи Фирдавсӣ ва раисикунандаи мурофиа хостааст, ки ӯро ба ҳабси пешакӣ нагиранд, чун ӯ духтари касал дорад. Ғоибов гуфтааст, духтараш айни ҳол бо касалии вазнин дар беморхона қарор дорад ва ба нигоҳбонии ӯ аз ҳама зиёд ниёзманд аст. Бо вуҷуд додгоҳ ин дархости Ғоибовро рад кардааст.
Ғоибов дар додгоҳ гуфтааст, бо иттиҳомоти пешгузоштаи оҷонсии фасод розӣ нест ва онро “ҳамааш туҳмат” арзёбӣ кардааст. Генерал Ғоибов пуштибонияшро аз Низомхон Ҷӯраев, собиқ сардори корхонаи кимиёвии Исфара рад карда, афзудааст, “тибқи иттиҳомоти Оҷонсии фасод мо дар бораи додугирифти маблағ бо Низомхон тавассути телефон мувофиқа мекардаем. Аммо тафтиши зангҳои телефонӣ нишон додааст, ки ман ягон бор ба Низомхон Ҷӯраев занг назадаам. Танҳо Низомхон боре занг зада хоҳиш кард, ки ӯро бо Шерхон Салимзода, додситони генералии Тоҷикистон шинос намоям.”
Ғоибов таъкид намуд, ки ин дархости Низомхонро рад кардааст ва дигар бо ӯ дар тамос нашудааст. Гуфта мешавад Эмом Ғоибов ва Шерхон Салимзода, додситони кулли Тоҷикистон ҳамкурс мебошанд.
Ин дар ҳолест, ки Фаттоҳ Саидов, директори Оҷонсии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон алайҳи Ғоибов Эмом рӯзи 13-уми май парвандаи ҷиноятӣ кушодааст ва ӯ асосан дар рӯйпӯш намудани ҷиноятҳо ва пуштибонӣ аз Низомхон Ҷӯраев, собиқ раиси корхонаи кимёвии Исфара муттаҳам мешавад. Ба иттилои ин ниҳод Ғоибов Эмом дар он айбдор мешавад, ки тайи солҳои фаъолияташ дар додситонӣ ва Оҷонсии фасод ҷиноятҳои марбут ба Ҷӯраевро рӯйпӯш намуда, ба ивази маблағ аз ҷузъиёти тафтишот пайваста ӯро огоҳ мекардааст. Ба иттилои Оҷонсӣ ҳамкории Ғоибов бо Ҷӯраев ҳанӯз аз оғози солҳои 2000-ум, замони додситони Исфара будани Ғоибов оғоз шудааст.
Дар ҳамин ҳол Низомиддин Бегматов, вакили мудофеъи Ғоибов дар суҳбат бо хабаргузории "Озодагон" гуфт, татбиқи ҳабси пешакӣ нисбати зерҳимояаш маънои гунаҳкор будани ӯро надорад ва он зимни тафтишоту мурофиаҳои баъдӣ муайян хоҳад шуд. Бегматов инчунин аз он изҳори норозигӣ кард, ки бархе ҷиноятҳое, ки ба зерҳимояаш нисбат дода мешаванд, бештар аз 12 сол пеш содир гардидаанд. Ба гуфтаи ӯ тибқи қонунгузорӣ муҳлати чунин ҷиноятҳо 10 сол аст, аммо чаро маҳз ҳозир онҳо азсар гирифта шудаанд, номаълум боқӣ мемонад...
Лаҳзаҳои аз толори додгоҳ баромадани генерал Ғоибов
Ҷузъиёти иттиҳомоти пешгузоштаи Оҷонсии фасод алайҳи генерал Ғоибов