Нигоҳи ҷавондухтари Тоҷикистон ба бисёрзанӣ
Галина Юнусова
"Бисёрзании Зайд Саидов ба “арзишҳои умумибашарӣ” зид аст», - гуфта мешавад дар изҳороти додситонии Душанбе.
Ин корҳо ба саҳнаи аҷибе мемонад, ки пур аз бозист.
Дар маҷмӯъ агар бингарем, бисёрзании ҷаноби Саидов кори шахсии ӯ, кори шахсии занҳо ва фарзандонаш аст. Арзишҳои умумибашарӣ чӣ дахл доранд? Агар ҳамаи онҳо – занону фарзандон – зид набошанд, агар худи ӯ розист – бигзор ҳамин тавр зиндагӣ кунанд! Дар бораи кадом арзишҳо метавон сухан ронд?
Ман ба сиёсат кордор нестам. Ман дар корҳои сиёсӣ сарфаҳм намеравам. Аммо ин қазия ба як ҷузъи ҳаёти шахсии инсон дахл дорад. Агар ҳамин тавр зиндагӣ барояшон маъқул аст, бигзор ҳамин тавр зиндагӣ кунанд...
Аммо чӣ гӯем, ки “арзишҳои умумибашарӣ”-и ҳукумати вақт ба ақли солим рост намеояд:
- Тӯли чанд сол аст, ки дар кишвар маҳдудияти нерӯи барқ ҷой дорад, ва борҳо ҳангоми қатъ шудани он “тибқи нақша”, дар таваллудхонаҳо навзодон аз сардӣ мурдаанд...
- Нафақахӯрон ва собиқадорони ҷанг мисли магас мемиранд, чун кӯшиши зинда мондан бо нафақаи микроскопии онҳо бенатиҷа аст...
- Ҳангоми рафту омади меҳмонон ё болонишинон, роҳҳои шаҳр тӯли чанд соат баста мешавад ва мардум маҷбуранд дар зери офтоби тафсон ё сардии зимистон аз як гӯшаи шаҳр ба дигараш пиёда раванд, ё муддати тӯлонӣ дар роҳ мунтазир монанд, то меҳмон назди ҳайкали Сомонї гул гузорад ё дар ягон вазорату сохтори дигари давлатӣ палов хӯрад...
- Маориф надорем. Фақат як сухан ҷоиз аст – НАДОРЕМ. Ҷои баҳс ҳам нест.
- Низоми тандурустӣ умуман вуҷуд надорад. Мурд, бухор шуд, маҳв гардид, ба гузаштагон пайваст. Омин!
- Дарахтони тануманду куҳансоли сояафкан бурида мешаванд...
- Биноҳое, ки арзиши фарҳангию таърихӣ барои шаҳр доранд, тахриб мешаванд, то ба ҷояшон иншооти бетону шишагӣ бардошта шаванд, ки ҳама арзишашон ба миқдори пули барои сохтмон сарфшуда маҳдуд мешавад. Андаке нагузашта, ошёнаҳои ин биноҳо ба ҳам меоянд, қисмҳои он меафтад, оби дар ошёнаи дуюм рехта пас аз панҷ дақиқа дар ошёнаи якум дида мешавад, чун аз болопӯши он мисли элак ба осонӣ мегузарад...
- Кӯдаконро дар кӯча танҳо гузоштан хавфнок аст – хурдтарашонро медузданд, калонтарашонро “облава” мебарад...
PS: АММО МИЛАИ ПАРЧАМИ МО ДАР ҶАҲОН АЗ ҲАМА БАЛАНД АСТ!!! Агарчи барои сохтани он пули ҳангуфт сарф шуда ва шабҳо, ба маҳдудияти барқ нигоҳ накарда, бо прожекторҳои фавқулиқтидор равшан карда мешавад.
Чӣ? Бисёрзана? ПАРОНДА ШАВАД!!!