Узбакистон мехоҳад, сармоягузоронро аз шикоят ба додгоҳҳои байналмилалӣ маҳрум кунад
Расонаҳои узбакӣ аз қавли Есемурод Канёзов, муовини аввали вазири адлияи Узбакистон иттилоъ додаанд, ки мақомоти ин кишвар тасмим дорад, ба қонун “Дар бораи кафолат ва чораҳои ҳимояи ҳуқуқи сармоягузорони хориҷӣ”, ки меъёрҳои асосии розигии тарафайнро дар иштироки арбитражи байналмиллалӣ таъмин мекунад, тағйиру илова ворид намояд.
Ин тасмими Тошканд дар ҳолест, ки чанде аз сармоягузорони хориҷӣ ба хотири бароварда натавонистани молу амвол аз Узбакистон ба додгоҳҳои байналмилӣ шикоят бурдаанд.
Бархе аз коршиносони узбак гуфтаанд, ҳукумати кишвар бо ворид намудани тағйирот ба қонуни мазкур талош дорад, то сармоягузоронро аз шикоят бурдан ба додгоҳҳои байналмилалӣ маҳрум созад.
-Ҳукумати Узбакистон мехоҳад, дар чорчӯби қонунгузорӣ ҳама гуна муҳокимаҳои байналмилалии марбут ба шикоятҳои сармоягузорони хориҷиро бекор кунад,-мегӯянд онҳо.