Тими миллии Тоҷикистон метавонад бори чорум ҳам ҳарифашро шикаст диҳад?
Мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон бо яккачини Афғонистон бозӣ мекунад. Аз Федератсияи футболи Тоҷикистон ба “Озодагон” гуфтанд, ки ин бозии рафиқона 4-уми июн дар варзишгоҳи “Пахтакор”-и шаҳри Қӯрғонтеппа баргузор мешавад.
Мунтахаби Тоҷикистонро дар ин сабқат Мубин Эргашев (сармураббии “Хуҷанд”) ва Салоҳиддин Ғафуров (сармураббии “Вахш”) раҳбарӣ мекунанд.
Тими миллии Тоҷикистону Афғонистон то имрӯз се маротиба бо ҳам қувваозмоӣ кардаанд ва дар ин бозиҳо ҳамеша Тоҷикистон дастболо шудааст.
Натиҷаи ин дидорҳо чунин аст:
9-уми ноябри соли 2005. Бозии дӯстона дар шаҳри Душанбе баргузор шуда, бо ҳисоби 4:0 анҷом ёфт. Голҳоро Нӯъмонҷон Ҳакимов (28, 31), Хуршед Маҳмудов (45+1), Алиёр Ашӯрмамадов (67) ба нишон расонданд.
3-юми августи соли 2008. Дар доираи Ҷоми даъвати АФК ин ду тим дар Ҳайдарободи Ҳиндустон вориди рақобат шуданд. Натиҷаи ин бозӣ низ 4:0 ба нафъи Тоҷикистон буд. Юсуф Рабиев (14, 44, 56), Даврон Тухтасунов, (39) муаллифони голҳо буданд.
17-уми ноябри соли 2010. Бозии дӯстона дар шаҳри Душанбе. Ин дидор 1:0 хотима ёфт. Голи ягонаро Фаррух Чориев (33) зад.