Сабукӣ ба зарардидагони “Фаровон” моҳе буҷаро аз 170 000 сомонӣ маҳрум мекунад
Дар сурати пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои зарурӣ соҳибкорони аз сӯхтор зарардидаи бозори “Фаровон-Қӯрғонтеппа” то барқарор кардани дӯконҳои хеш аз андоз озод хоҳанд буд.
Саидислом Амиров, сардори Раёсати андози вилояти Хатлон, пас аз манзури ин иттилоъ афзуд, ки алъон дар ин бозор 2074 нафар тоҷир кор мекунад, ки аз ин 662 нафар патент ва 46 нафар шаҳодатномаи соҳибкорӣ дорад.
“Маъмурияти бозори мазкур номи 708 нафар соҳибкорро дар рӯйхаташон ба мо пешниҳод кардаанд, ки фақат онҳо метавонанд андоз насупоранд. Андози инҳо дар як моҳ қариб 170 ҳазор сомониро ташкил медод”,-гуфт мавсуф ва илова кард, ки “баъди гузаштани муҳлати муайянгашта тоҷирон ҳатман бояд андозашонро пардохт намоянд. Дар акси ҳол, мутобиқи Кодекси андоз аз роҳҳои маҷбуран ситонидани андоз истифода хоҳад гашт.”
Ба қавли ин манбаъ, айни ҳол дар вилояти Хатлон 114 миллион сомонӣ бақияи андоз мавҷуд аст, ки он бояд кам карда шавад ва иттилоъ дод, ки дар чоряки аввали соли 2013 аз ҳисоби маҷбуран ситонидани андозҳо зиёда аз ҳафт миллион сомонӣ рӯёнида шудааст. “Мардум ҳоло ҳам ба кадом хотир супоридани андозро дарк намекунанд. Вақте мехоҳӣ роҳ таъмир бошад, кӯдак дар боғчаву мактаб тарбия гирад, нафақа дастрас гардад, аскарон ғизои хуб дошта бошанд, Ватан ором бошад, бояд андоз супорӣ. Инро ба онҳо фаҳмонидан даркор аст”-таъкид кард С.Амиров, сардори Раёсати андози вилояти Хатлон.
Сӯхтор дар бозори “Фаровон”-и шаҳри Қӯрғонтеппа охири моҳи апрели соли равон сар зада тибқи иттилои мақомот сеяки масоҳати онро фаро гирифта буд.