Ҷопон ба занони бекори Норак кӯмак мекунад
Сохтмони бинои аввалин Маркази бонувон дар шаҳри Норак оғоз гардидааст. Ин марказ бо кӯмаки молиявии Ҷопон бунёд хоҳад шуд.
Ба иттилои Тағоймурод Исмоилов, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Норак, барои иҷрои ин тарҳ 107 ҳазор доллари амрикоӣ ихтисос дода шудааст. Ин марказ ба бонувони бекору хонашин ҳунарҳои гуногунро меомӯзонад. Ҳамзамон, қарор аст, дар Маркази бонувон машваратгоҳи ҳуқуқию равоншиносӣ низ таъсис дода шавад. Муассисон мегӯянд, ки ин марказ пас аз мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтан, ҳар рӯз бидуни таътил дар хизмати бонувони маҳаллӣ хоҳад буд.