Теъдоди фавтидагон аз СИЛ коҳиш ёфтааст
Дар Қазоқистон шумораи фавтидагон аз бемории сил дар давоми 5 соли охир коҳиш ёфтааст.
Тавре дафтари матбуотии Вазорати тандурустии Қазоқистон иттилоъ медиҳад, дар 5 соли ахир ҳолатҳои нави гирифтор ба бемории сил ба 34,9% ва шумораи маргу мир аз ин беморӣ ба 55,6 % поин рафтааст.
Зимнан дар гузориши ин ниҳоди қазоқ, таъкид шудааст, ки тамоми чорабиниҳо оид ба мубориза бар зидди бемории сил дар шабакаи кумаки аввалиндараҷаи тиббӣ-санитарӣ шомил аст.
Инчунин ба гуфтаи Вазорати тандурустии Қазоқистон, имрӯз бархе аз мушкилот дар мавриди пешгирии паҳншавии ин навъи беморӣ дар ин кишвар вуҷуд дорад, ки онҳо дар оянда бо истифода аз чорабиниҳои зиддисилию барномаҳои муосир бартараф хоҳанд шуд.