Эмомалӣ Раҳмон бо вазири қирғиз сафари қарибулвуқӯяшро ба Бишкек баррасӣ кард
Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон имрӯз, 16-уми май, Каликбек Султонов, вазири нақлиёт ва коммуникатсияи Қирғизистонро ба ҳузур пазируфт.
Бино ба иттилои сомонаи раисҷумуҳури кишвар, дар мулоқот масоили вобаста ба рушди ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Қирғизистон, аз ҷумла дар бахшҳои сиёсат, иқтисод ва савдо, амнияти минтақавӣ ва илму фарҳанг баррасӣ шудаанд.
Зимни мулоқот сафари расмии қарибулвуқуи президенти Тоҷикистон ба Қирғизистон ишора шуда, ҷонибҳо изҳри боварӣ намудаанд, ки ин сафар ба таҳким ва густариши муносиботи ҳасана ва ҳамкории судбахши ду кишвар такони ҷиддӣ мебахшад.
Дар ин вохӯрӣ бо ишора ба дӯстии анъанавӣ, ҳамсоягии накӯ, шарикии боэътимод ва ҳамфикрии ҳарду кишвар доир ба масоили минтақавӣ ва байналмилалӣ изҳори боварӣ карда шуд.