Маъмурияти райисҷумҳури Афғонистон ба таҳқиқи қазияи куштори бародари президент шурӯъ кард.
Тибқи иттилои хабаргузории Reuters, Аҳмадвалӣ Карзай, райиси шӯрои вилояти Қандаҳор, ҳамзамон бародари Ҳомид Карзай нимаи аввали рӯзи 12-уми июл дар манзили истиқоматиаш ба қатл расидааст. Гуфта мешавад, райиси шӯрои Қандаҳор дар хонаи шахсиаш аз ҷониби яке аз ҷондоронаш мавриди тирандозӣ қарор гирифтааст. Аҳмадвалӣ Карзай, дар матбуот ва ҷомеъаи Афғонистон ҳамчун як сиёсатмадори ҷанҷолӣ ва ҳарзагӯ муаррифӣ мегардад. Пайравон ва ҷонибдорони Аҳмадвалӣ Карзай ӯро мудофеъи ҳуқуқи паштунҳо мехонанд, аммо мухолифонаш аз ӯ ба ҳайси як шахсияти фасодолуда ёд мекунанд. {jathumbnail off}