Вазир: ”Милиса бо мардум бояд наздиктар бошад” (АКС)
НИЛУФАРИ КАРИМРамазон Раҳимов, вазири умури дохилии Тоҷикистон, имрӯз, 16-уми май, зимни кушодашавии Маркази ҳамкории милитсия бо ҷомеа дар шаҳри Душанбе, гуфт, дар кишвар соле бо шарикии мардум ҳудуди 600 ҷиноят ошкор мегарданд ва ҷинояти гумшавии Малика ва Сабина ҳам ошкорнашуда намемонад.
Раҳимов изҳор дошт, ки барои пайдо намудани хоҳарон Малика ва Сабина Араловҳо, ки моҳи марти соли равон дар пойтахт гум шудаанд, ҳамаи нерӯи сохторҳои қудратӣ равона шудааст: “Мо кор карда истодаем, аз он ҷумла бо сафорати Амрико дар Тоҷикистон ҳамкорӣ дорем. Ҳамаи кӯшишро мекунем, то ин ҷиноятро кушоем.”
Вазири умури дохилии Тоҷикистон таъкид намуд, ки дар доираи ислоҳоти милитсия ҳамкориро бо мардум тақвият медиҳад: “Бояд милиса ба мардум наздиктар бошад. Ман мушовири махсус оид ба робита бо ҷомеа дорам. Чунин мушовирҳо дар раёсатҳо ҳам ҳастанд ва ба наздикӣ дар шуъбаҳои корҳои дохилӣ ҳам таъин мешаванд, то ҳамкории мардум бо милиса тақвият ёбад.”
Дар ҳамин ҳол Раҳимов аз кушодашавии ду маркази “Ҳамкории милиса бо ҷомеа”, ки имрӯз бо дастгирии сафорати ИМА дар Душанбе боз шуданд, истиқбол намуд. Ӯ дар мисоли роҳандозии телефони боварии вазир фаҳмонд, ки ҳамкории зич ва бовариноку шаффоф бо мардум ҳамеша самара медиҳад: “Танҳо соли гузашта ба воситаи ин телефон 600 ҷиноятро кушодем. Дар як рӯз тариқи ин телефон то 10 муроҷиат ворид мешавад.”
“Марказҳои ҳамкории милиса бо ҷомеа” дар доираи лоиҳаи бахши кор бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мубориза алайҳи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири сафорати ИМА роҳандозӣ шудааст. То ҳол дар ҳудуди Тоҷикистон дар умум 21 чунин марказ кушода шудаанд.