Сокини 38-солаи Хатлон аз дасти зану хоҳараш кушта шудааст
Як сокини ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон аз ҷониби ҳамсар ва хоҳараш кушта шудааст.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилӣ ба «Озодагон» иттилоъ доданд, 14-уми майи соли равон, соати 22:00-дақиқа, дар манзили истиқоматиаш аз дохили сандуқи чӯбин ҷасади шаҳрванд Азимов Зафар Саймуродович (соли таваллудаш 1977), сокини кӯчаи Т.Раҳматови ноҳияи Муъминобод бо аломатҳои марги маҷбурӣ дарёфт гардидааст.
Ба иттилои манбаъ зимни гузаронидани чораҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони ШВКД дар ноҳияи мазкур ҳамчун гумонбар дар куштор ҳамсари марҳум Исмонова Майсарамо Ибодуллоевна (соли таваллудаш 1985) бо ҳамроҳии хоҳари шавҳараш ноболиғ Азимова Шаҳноза Саймуродовна (соли таваллудаш 1995) дастгир карда шуданд.
Манбаъ мегӯяд, тафтишоти пешакӣ муайян намуд, ки номбурдаҳо аз хусумати шахсӣ марҳум Азимов Зафар Саймуродовичро бо миёнбанд бӯғӣ намуда, ба ҳалокат расонидаанд. Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.