Даъвати Онишенко ба худдорӣ аз ҳаҷ
Геннадий Онишенко, раиси идораи Роспетребнадзор ё худ сартабиби санитарии Русия ба мусулмонони кишвараш тавсия додааст аз сафар ба Арабистони Саудӣ худдорӣ кунанд.
Бино ба иттилои расонаҳои русӣ, Онишенко инчунин аз ҳоҷиёни рус даъват кардааст, ҳангоми сафар ба Макка муқарраротеро, ки дар торнамои Роспетребнадзор нашр гардидааст, аз ёд набароранд.
Сартабиби санитарии Русия мегӯяд, ин даъвати ӯ, ба хотири пешгирӣ аз паҳншавии навъи нави вируси “Coronaviruses” мебошад, ки моҳи майи соли гузашта ошкор карда шудааст.
Ба гуфтаи Онишенко ин вирус аз ҳама бештар дар Арабистони Саудӣ сабт шуда, аз 25 нафари гирифтор ба ин навъи вирус, танҳо 12 нафари онҳо ҷон ба саломат бурдаанд: “Бархе хабарҳо ҳокӣ аз онанд, ки 13-уми май низ ду нафари дигар ба ҳалокат расидаанд. Ҳамаи ҳолатҳои сироятӣ марбут ба Арабистони Саудӣ мебошанд.”
Онишенко илова кардааст, ки Коронавирус ба доруҳои мавриди истифода барои дармони вирусҳои дигар, ба хусус вируси гепатити С бисёр ҳассос мебошад: "Аз ин рӯ, Роспетребнадзори Русия барои беҳдошти шаҳрвандони худ фаъолиятҳояшро дар тамоми марзҳои кишвар, фурудгоҳҳо густариш дода, нафароне, ки аз Саудӣ ба Русия меоянд, мавриди санҷиши шадид қарор дода мешавад."