Футболбозон барои мухлисони мусулмонашон масҷид месозанд
Тими футболи Мюнхен -“Бавария” барои бозигарон ва мухлисони мусулмони худ масҷид месозад.
Тибқи иттилои торнамои расмии Мюнхен -“Бавария”, дастаи олмонӣ тасмим гирифтааст, дар варзишгоҳи “Allianz Arena” барои бозигарон ва мухлисони мусулмонаш масҷид бино кунад.
Ин тасмим дар пайи хоҳиши Билол Франк Риберӣ, яке аз бозигарони мусулмони дастаи мазкур, ки аз роҳбарияташ ҳуҷрае барои намоз хостааст, қабул гардидааст.
Ба иттилои манбаъ, дар сурати бино ёфтани ин масҷид, футболбозон бо имоми доимӣ таъмин карда шуда, дар он китобхонаи исломӣ низ таъсис дода мешавад.
Тими футболи Мюнхен -“Бавария” соли 1900 таъсис ёфта, ҳоло яке аз беҳтарин дастаҳои футбол ва бузургтарин клуби варзишии Олмон ба шумор меравад. Гуфта мешавад, масҷид сохтани як дастаи футболи аврупоӣ бори аввал набуда, қаблан низ тими “Нюкасл” барои футболбозонаш масҷид бино кардааст.