ВКД изҳороти Рогозинро дар бораи қаторҳо тасдиқ кард (ВИДЕО)
Вазорати умури дохилии Русия тасдиқ кард, ки воқеан, дирӯз, 15-уми май дар истгоҳи роҳи Оқсарой аз қатори рақами 319-и Тоҷикистон 40 зарфи пластиро дарёфт кардаанд, ки тибқи иттилои пешакӣ 80 килло героин доштаанд.
Тавре Хадамоти матбуотии Вазорати умури дохилии Русия иттилоъ медиҳад, айни ҳол ҳамчун гумонбар дар қочоқи мухаддирот ду роҳбалади қатори Тоҷикистон боздошт шуда, тафтишот идома дорад.
Ин дар ҳоле, ки Дмитрий Рогозин, муовини сарвазири Русия, рӯзи чоршанбеи 15-уми май, ба расонаҳои рус хабар додааст, ки “имрӯз дар қатори Тоҷикистон 50 киллограм героин дарёфт шудааст ва ин далели он аст, ки эъродҳои мо, ки қаблан зимни бозрасии қаторҳои Тоҷикистон баён шудаанд, ҷиддӣ ва асосноканд.”
Рогозин илова намудааст, ки айни ҳол мушкилоти марбут ба қаторҳои Тоҷикистон аз ҷониби гуруҳи махсуси байниидоравӣ мавриди омӯзиш қарор дорад ва охири моҳи равон ба баррасии Комиссияи давлатӣ оид ба марзҳо гузошта хоҳад шуд.
Рогозин, ки худ раҳбарии ин комиссияро ба уҳда дорад, таъкид намудааст, ки қарори ниҳоӣ дар бахши роҳи оҳан бо назардошти манофеи Русия ва шаҳрвандони ин кишвар қабул хоҳад гардид. Ба гуфтаи муовини сарвазир айни ҳол шаҳрвандони Русия мавриди таҷовузи героинӣ қарор доранд. Ӯ таъкид намудааст, ки ин қазия сиёсӣ нест.
Қаблан Дмитрий Рогозин, ноиби нахуствазири Русия ва Генаддий Онишенко, сардухтури санитарии Русия аз қаторҳои Тоҷикистон дидан карда, изҳор доштанд, ки вазъи онҳо ба одитарин талаботи санитарӣ ҷавобгӯ нест ва пешниҳодҳое садо доданд, ки иртибот тавассути роҳи оҳан бо Тоҷикистон қатъ гардад. Мақомоти тоҷик ин иттиҳомотро комилан рад карданд.
Владимир Якунин, роҳбари Роҳи оҳани Русия, ки аввали моҳи равон дар Тоҷикистон қарор дошт, эътироф кард, ки изҳоротҳо алайҳи қаторҳои Тоҷикистон “то ҷое обуранги сиёсӣ доранд ва ин аён аст.” Худи ӯ таъкид намуд, ки Русия барои густариши ҳамкорӣ дар бахши роҳи оҳан бо Тоҷикистон ҳавасманд аст.