Тоҷикистон дар озмун барои 16 миллион $ ғолиб омад
Вазорати маорифи Тоҷикистон дар озмун барои ба даст овардани лоиҳаи грантӣ дар ҳаҷми 16,2 миллион доллар дар Аврупо ғолиб омадааст.
Тавре Нуриддин Саидов, вазири маорифи Тоҷикистон, дар суҳбат ба хабаргузории “Озодагон” гуфт, “вазорати маориф барои як гранти Аврупо лоиҳае навишта пешниҳод кард, ки маблағаш 16, 2 милилонро ташкил медиҳад ва миёни 8 давлати доваталаб ғолиб омадааст. Аз ҷумлаи довталабон Узбакистон, Қирғизистон, Малӣ ва дигарон буданд.”
Саидов таъкид намуд, ки дар садри як ҳайати кории Вазорати маориф рӯзҳои 19 -23 май ба Брюсел рафта, низоми маорифи Тоҷикистонро муаррифӣ мекунад ва гранти ҷудошударо гирифта ба ватан бармегардад.
Вазири маорифи Тоҷикистон афзуд, ки маблағи 16,2 миллион доллар барои бунёди макотиб ва рафъи камубдиҳои соҳа равона хоҳад шуд.