“Посухи ниҳоиро оиди ҳукми қатл пас аз омӯзиши таҷрибаи ҷаҳонӣ медиҳем”
Дар Тоҷикистон аз соли 2004 то имрӯз ҳукми қатл умуман таъин ва татбиқ нашудааст ва дар солҳои 1998 то 2003 ҳам татбиқи ин ҳукм хеле маҳдуд будааст.
Ин нуқта имрӯз, 15-уми май дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо раҳбари Комиссияи байналмилалӣ бар зидди ҳукми қатл, собиқ президенти Швейтсария, хонум Рут ДРЕЙФУС таъкид шудааст.
Тавре дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, дар мулоқот масоили ҳамкории байналмилалии Тоҷикистон доир ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва пешгирӣ аз таъин ва татбиқи ҳукми қатл баррасӣ шуда, зикр гардидааст, ки аз соли 2004 ба ин сӯй ба ин кор дар Тоҷикистон мороторий эълон шудааст: “Аз моҳи марти соли 2005 ба ҷойи ҳукми қатл ҷазои якумра маҳрум намудан аз озодӣ таъин карда мешавад.”
Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардааст, ки дар кишвар аз моҳи апрели соли 2010 доир ба зарурати берун кардани ҳукми қатл аз қонунгузории кишвар гурӯҳи корӣ фаъолият дорад: “Давлати Тоҷикистон мавқеи ниҳоии худро доир ба ин масъала дар асоси хулосаҳои ин гурӯҳи корӣ, ки бо назардошти афкори ҷомеа ва таҷрибаи ҷаҳонӣ бароварда мешавад, муайян хоҳад кард.”
Ба иттилои Хадамоти матбуоти раисиҷумҳур хонум Рут Дрейфус таъкид доштааст, ки «Тоҷикистон доир ба ин масъала дар роҳи дуруст қарор дорад» ва изҳори боварӣ намуд, ки «пурра бекор шудани ҳукми қатл дар ин кишвар дар ояндаи наздик ҳалли ниҳоии худро меёбад».
Айни ҳол дар 130 давлати дунё ҷазои қатл бекор карда шудааст ва дар беш аз 60 давлати дигар ин намуди ҷазо татбиқ карда мешавад. Аз ҷумла дар якчанд иёлоти ИМА, давлатҳои Араб, Эрон, Покистон, Чин, Ҷопон ва ғайраҳо шаклҳои гуногуни ҷазои қатл татбиқ карда мешаванд. Дар 30 давлати дунё бошад ба татбиқи ҷазои қатл моратория эълон шудааст.