Зуҳуров: Дар мавриди татбиқи ҳукми қатл ҳанӯз андешаи ягона нест
Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон имрӯз, 15-уми май, ҳайати Комиссияи байналмилалӣ бар зидди хукми қатлро таҳти роҳбарии хонум Рут Дрейфус, собиқ президенти Швейтсария ба ҳузур пазируфт.
Тавре аз Хадамоти матбуотии Маҷлиси намояндагон ба «Озодагон» иттилоъ доданд, зимни мулоқот Шукурҷон Зуҳуров иброз намудааст, ки барои таҳлили асосҳои ҳуқуқӣ ва иҷтимоии мавҷудияти ҷазои қатл дар низоми қонунгузории кишвар аз ҳисоби шахсони аввали вазорату идораҳо, судҳои ҷумҳурӣ ва олимону коршиносон 8-уми апрели соли 2010 гурӯҳи корӣ таъсис дода шуда буд.
Номбрда иброз доштааст, ки гурӯҳи мазкур баҳри амалӣ намудани фаъолияташ нақшаи корӣ оид ба таҳлили асосҳои ҳуқуқӣ ва иҷтимоии мавҷудияти ҷазои қатл дар низоми қонунгузории Тоҷикистон дар солҳои 2010-2013 - ро тартиб додааст.
Ба қавли Зуҳуров таҳлилу омӯзиши ин масъала собит сохт, ки нисбат ба мавҷудияти ҷазои қатл дар ҷаҳони муосир андешаҳои гуногун вуҷуд дорад ва дар нимаи дуюми асри гузашта дар дунё раванди камшавии татбиқи ҷазои қатл ва умуман бекор кардани он ба вуҷуд омад: «Айни ҳол дар 130 давлати дунё ҷазои қатл бекор карда шудааст ва дар беш аз 60 давлати дигар ин намуди ҷазо татбиқ карда мешавад. Аз ҷумла дар якчанд иёлоти ИМА, давлатҳои Араб, Эрон, Покистон, Чин, Ҷопон ва ғайраҳо шаклҳои гуногуни ҷазои қатл татбиқ карда мешаванд. Дар 30 давлати дунё бошад ба татбиқи ҷазои қатл моратория эълон шудааст».
Шукурҷон Зуҳуров изҳор доштасст, ки “бо қабул ва мавриди амал қарор гирифтани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 июли соли 2004 Дар бораи боздоштани ҷазои қатл дар Тоҷикистон» ба иҷрои ҷазои қатл ва минбаъд таъин накардани он моратория эълон карда шуд. Ин иқдомро созмонҳои бонуфузи ҷаҳон аз қабили Шӯрои Аврупо, Ассамблеяи Парлумони Шӯрои Аврупо, Созмони амнияту ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) ва ташкилотҳои ғайриҳукуматии ҳифзи ҳуқуқ ҷонибдорӣ намуданд."
Дар навбати худ Хонум Рут Дрейфус аз корҳои ба анҷом расонидаи Ҳукумати Тоҷикистон ва Маҷлиси намояндагон дар самти ҳимоя ва ҳифзу ҳуқуқҳои инсон изҳори қаноатмандӣ кардааст.