Жириновскийро аз ҳаққи ба Қирғизистон рафтан маҳрум карданд
Вакилони қирғиз бо бештари оро аз пешниҳоди манъи вуруди Владимир Жириновский, раҳбари ҳизби ЛДПР ва вакили Думаи давлатии Русия ба қаламрави ин кишвар ҷонибдорӣ карданд.
Айнур Алтибоев, намояндаи Жогорку Кенеш, Шӯрои олии Қирғизистон аз ҳизби «Ар-Намис» гуфтааст, ки «Жириновский мегӯяд, Қирғизистон танҳо аз Русия мегирад, аммо дар замони Ҷанги бузурги ватанӣ мардуми мо барои Русия қурбонии зиёде дод. Падари ман ҳангоми муҳосираи Сталинград ҷароҳат бардошт. Суханҳои ӯ шахсан барои ман таҳқир аст».
Аммо Талант Узакбоев, депутати дигар изҳор доштааст, ки Жогорку Кенеш набояд чунин масъалаҳоро баррасӣ намояд. «Ин як ҳарзаи Жириновский аст. Ман намедонистам, ки парлумон то ин ҳад поин фуромадааст, ва чунин масъалаҳоро баррасӣ мекунад. Беҳтар буд, умуман ба изҳороти ӯ аҳамият надиҳанд», - гуфтааст вай.
Аз 100 вакили дар ҷаласаи имрӯз, 15-уми май иштирокдошта, 67 нафар ба ҷонибдорӣ аз пешниҳоди манъи вуруди Жириновский ба қаламрави Қирғизистон овоз додаанд.
Парлумон ҳамчунин қарор кардаст, ки Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон бояд Владимир Жириновскийро аз тасмими гирифташуда огоҳ созад.
Манъи вуруди раҳбари ЛДПР ба Қирғизистон 13-уми май аз сӯйи Ҷулдузкан Ҷолдошова, намояндаи мардумӣ аз ҳизби “Ота-Ҷурт” пешниҳод шуд.