"Тоҷикистон бо нақшаҳое, ки дорад, “Шери минтақа” мешавад"
Тоҷикистон, ягона кишвари Осиёи Миёна аст, ки бо таҳияи модули рушди иқтисодӣ метавонад ба «Шери минтақа» табдил ёбад.
Ин нуқтаро Юрий Крупнов, раҳбари Ҳаракати рушд, имрӯз, 15-уми май, зимни як ҳамоиши байналмилалӣ дар шаҳри Душанбе изҳор дошт. Юрий Крупнов, ки аз умдатарин тарафдорони ҳамгироӣ дар ИДМ аст, гуфт феълан кишварҳои дигари минтақа самти муаяйни рушди иқтисоди худро дақиқ накардаанд: «Тоҷикистон дурнамои барномаҳои энержии хуб тарҳрезӣ кардааст. Имкони амалӣ кардани ин барномаҳо вуҷуд дорад. Захираҳои табиӣ ва ҷуғрофӣ мусоидат хоҳанд кард».
Ба гуфтаи Юрий Курпнов дар рушди барномаҳои иқтисодии АвруОсиё Тоҷикистон ва Русия нақши калидӣ дошта, бо ин роҳ онҳо метавонанд, василаи аслии таъминкунандаи амният бошанд: «Душанбе ва Маскав бояд гуфтушуниди худро барои таҳкими муносибати дуҷониба бояд дубора ба роҳ бимонанд. Аз сар нагирифтани муносибати Тоҷикистон ва Русия маънои бадтар гардидани шароити рушди иқтисодии АвруОсиё, аз ҷумла Русияро дорад.»
Юрий Курпнов гуфт, ки ҳадафи аслии Ҳаракати рушд, ин бо роҳи беҳтар гардонидани ҳамкориҳои иқтисодӣ ба ҳам овардани давлатҳои собиқ иттиҳоди шӯравӣ буда, ин сирф барномаи гурӯҳӣ аст, на давлатӣ: «Таҳлилҳое пайдо мешаванд, ки гуиё Ҳаракати рушд бо ин роҳ талош дорад, то ҳамон нуфуз ва таъсири солҳои шӯравиро ба Русия баргардонад. Ин комилан иштибоҳ аст. Ман тарафдори ин нестам. Мо ҳато гуфта наметавонем, ки Русия хоҳиши ҷамъи кишварҳои собиқ иттиҳоди шӯравиро дорад. Ин хоҳиши Путин аст. Вале талоши ман ин бидуни кишвари ҷадиди калон ба ҳам овардани давлатҳои АвруОсиё мебошад».
Юрий Крупнов бо таваҷҷуҳ ба аҳамияти интихоби шарики стратегии Тоҷикистон гуфт, ки бовар дорад Маскав ҳамоно яке аз шарики аслии Душанбе барои амалӣ кардани барномаҳои иқтисодиаш хоҳад буд.
Конфронси байналмилалии «Нақши Тоҷикистон барои рушди АвруОсиё» имрӯз 15-уми май дар Душанбе бо ширкати намояндагони мақомоти давлатии Тоҷикистон ва созмонҳои минтақаӣ баргузор гардид. Юрий Крупнов зимни ин ҳамоиш ҳудуди 14 барномаро муаррифӣ кард, ки татбиқи онҳо кишварҳои АвруОсиёро ба ҳам меорад. Арзиши ин барномаҳо, ки 9-тояшон ба Тоҷикистон марбутанд, 12 миллиард долари амрикоӣ арзёбӣ мешавад.