5.300 китоби депутатҳо ба китобхонаи миллии Тоҷикистон тақдим гардид
Намояндагони палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон ба хазинаи китобхонаи миллӣ ҳудуди 5 ҳазору 300 китоб эҳдо карданд.
Тавре ба «Озодагон» Муҳаммадато Султонов, котиби матбуотии МН иттилоъ дод, ин тасмими вакилони мардумӣ ҷиҳати мукаммал гардонидани хазинаи китобхона аз сар гирифта шудааст. Гуфта мешавад, асарҳое, намояндагони палатаи поёнии парлумони мамлакат ба китобхонаи миллӣ ҳадя кардаанд, гуногунмавзӯъ -адабӣ, бадеӣ ва публисистӣ мебошанд.Маврид ба ёдоварист, бинои нави китобхонаи миллӣ, ки дар пойтахт сохта мешавад, дар қаламрави Осиё Марказӣ беназир буда, хазинаи он барои нигаҳдории 10 миллион китоб пешбинӣ шудааст. {jathumbnail off}