Сафаров ба курсии депутатӣ нишаст: Р.Мирзо изҳорот медиҳад
Зайнуддин Сафаров, намояндаи Ҳизби аграрии Тоҷикистон, ки аввали моҳи равон дар интихоботи миёнадаврии Восеъ ғолиб омад, имрӯз, 15-уми май, расман ба курсии вакилӣ нишаст.
Тибқи иттилои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, Сафаров дар ҷаласаи имрӯзаи парлумон узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии кишвар оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин интихоб гардид.
Раҷаби Мирзо, рӯзноманигори шинохтаи тоҷик ва ҳарифи Сафаров дар интихоботи 5-уми майи ноҳияи Восеъ баъди эълони мағлубияташ изҳор дошт, ки аз натиҷаи интихобот ба ҷое шикоят намебарад, вале таъкид намуд, ки дар рӯзи ба курсии вакилӣ нишастани Сафаров дар мавриди шеваи баргузории интихобот изҳоротеро пахш хоҳад кард.
Раҷаби Мирзо имрӯз дар суҳбат ба хабаргузории “Озодагон” гуфт, машғули таҳияи изҳорот аст ва давоми рӯз онро дар ихтиёри рӯзномнигорон қарор хоҳад дод.
Дар ин интихоботи миёндаврӣ се нафар барои курсии холимондаи Рустам Латипов, намояндаи Ҳизби аграрӣ, дар Маҷлиси Намояндагон талош карданд. Рустам Латипов вакили Маҷлиси Намояндагон аз ҳавзаи рақами 39-и ноҳияи Восеъ ахиран раиси ин ноҳия таъин шуда, ҷои худро холӣ гузошта буд. Акнун курсии ӯро Зайниддин Сафаров, ки тибқи иттилои Кумитаи марказии интихобот 73 дарсади овозҳо гирифтааст, соҳиб гардид.