Шаҳрванди Узбакистон вориди «руйҳати сиёҳи парасторон» шуд (ВИДЕО)
Шаҳрванди Узбакистонро барои муомилаи бад бо кӯдак хатари депорт аз Амрико таҳдид мекунад.
Дар шабакаи Yuotube наворе дар гардиш аст, ки парастор тифли 5 моҳаро мезанад. Гуфта мешавад, ин видео дар Статен-Айленди Амрико сабт шуда ва доя шаҳрванди Узбакистон аст. Vatandosh, нашрияи узбекони ИМА аз парастор Маъмура Носирова ном бурдааст.
Прокуратураи Статен-Айленд гуфтааст, Маъмураи 52 сола, ки ҳайси парастор фаъолият мекард, дар расонидани зарар ба саломатии кӯдак ва муқобилият ҳангоми боздошт муттаҳам мешавад.
Гуфта мешавад, волидони тифл ӯро дар муносибати бераҳмона бо фарзандашон гумонбар намуда, дар манзилашон камераи ниҳонӣ насб кардаанд. Камера ба телефони мобилии модари кӯдак пайваст шуда ва ӯ ҳамеша онро назорат мекардааст.
Вақте модари кӯдак ба мағоза меравад, мебинад, ки чӣ гуна парастор духтарашро мекубад. Дар ин навор дида мешавад, ки Маъмура ҳатто бо пояш тифлро мезанад. Модари кӯдак зуд ба хона баргашта ба шавҳараш хабар медиҳад ва онҳо ҳамроҳ ба пулис аризаи шикоятӣ менависанд.
Маъмура Носироваро дар «рӯйхати сиёҳи парасторон», ки аз сӯйи волидони русзабон дар интернет таъсис шудааст, ворид кардаанд.
Баррасии парвандаи Носирова 14-уми июн дар назар аст. Ӯро 10 моҳи маҳрумият аз озодӣ таҳдид мекунад. Тибқи дархости прокуратураи Статен-Айленд, баъди адои ҷазо ӯро ба ватанаш депорт мекунанд.