Вазорати корҳои дохилиро фасодзадатарин ниҳод гуфтанд
Вазорати умури дохилӣ, мақомоти андоз ва Хадамоти санитарӣ-эпидемиологии Қазоқистон фасодзадатарин ниҳоди ин кишвар дар се моҳаи аввали соли 2013 муаррифӣ шудаанд.
Рашид Тусупбеков, раҳбари Оҷонси мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодӣ ва фасоди Қазоқистон гуфтааст, ки тайи моҳҳои январ-марти соли ҷорӣ бештар кормандони ин сохторҳо бо иттиҳоми ришвахорӣ боздошт шудаанд.
Ба қавли Тусупбеков, дар ин муддат зиёда аз 103 ҳолати ришваситонӣ ошкор шудааст, ки дар он бештар мансабдорони сатҳи болоӣ даст доранд.
Раҳбари Оҷонси зиддифасоди Қазоқистон манотиқи фасодзатарини кишврашро низ ном бурда, афзудааст, «бештар сокинони минтақаи шарқию ҷанубӣ, бахусус вилоятҳои Қараганда ва Павлодар бо ришва саро кор доранд».