Марде, ки мехост зани ҷавонашро бар ивази 100 доллар фурӯшад, дастгир шуд
Пулиси Қазоқистон мардеро бо иттиҳоми талоши фурӯши завҷааш боздошт кардааст.
Департаменти умури дохилии вилояти Алмаато гуфтааст, ин марди 33 сола дар Талдикорган бар сар бурда ва мехост ҳамсарашро барои корҳои шаҳвонӣ ҷалб кунад.
Манбаъ мегӯяд, вай ба маъмурияти яке аз ҳаммомҳои шаҳр пешниҳод кардааст, то завҷаашро барои хизматрасонии шаҳвонӣ ба муштариёнаш бар ивази 100 доллари амрикоӣ бихарад.
Ҳамсари мард ба пулис гуфтааст, пайваста зери латту куб қарор мегирифт ва шавҳараш ӯро барои танфурӯшӣ маҷбур мекард.
Нисбат ба ин ҳодиса тибқи моддаи «фурӯши инсон» парванда боз шуда, тафтишот идома дорад.