Ҳалокати се нафар дар як шабонарӯз аснои оббозӣ
Дар яке аз наҳрҳои ноҳияи Синои пойтахт оббозии наврасон ба фоҷиа анҷом ёфт.
Тибқи иттилои Нигора Солиева, як масъули дафтари матбуотии кумитаи ҳолатҳои изтирорӣ рӯзи гузашта, аснои шиноварӣ дар канал ду ноболиғ ғарқ шуда, ба ҳалокат расиданд.
Бино ба қавли манбаъ, ба ҳамин монанд дар ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон, сокини рустои Ёглу, Нурулло Мелиеви 44-сола барои оббозӣ ба рӯдхонаи Кофарниҳон рафта, дар дарё ғарқ шудааст. Ҷасади ӯ субҳи рӯзи дигар аз соҳили муқобил дарёфт шуд. Гуфтанист, аз аввали фасли гармо то имрӯз 65 ҳодисаи ғарқшавии сокинони ҷумҳурӣ ба қайд гирифта шудааст. Аз ҳамин сабаб кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ҳушдор медиҳад, ки ҳангоми истироҳат ва шиноварӣ, нисбати фарзандону пайвандони худ эҳтиёткор бошанд, ва онҳоро дар кӯлу дарёҳо беназорат нагузоранд.{jathumbnail off}